Ба гузориши "ИКНА" ба нақл аз "Қудс ал-Арабӣ", нусхаҳои хаттии гаронбҳо дар Масҷидулақсо шомили китобҳои исломӣ, нусхаҳои хаттии Ќуръон ва дигар китобҳои арабӣ, ки қидмати ба тӯли қарнҳо доранд, дар маркази ҳифз ва мариммати нусхаҳои хаттӣ дар мадрасаи Ашрафияи қадим воқеъ дар Масҷидулақсо аз сӯи коршиносони фаластинӣ мавриди тармим ва навсозӣ қарор мегиранд.
Аз ҷумла нусахи хаттие, ки тавассути коршиносон дар ин марказ мариммат шудааст, метавон ба нусхае аз китоби Эҳёи Улумуддин, асари имом Муҳаммади Ғизолӣ, нусхае аз китоби Асбобуннузул, асари Воҳидӣ ва ҳамчунин шуморе аз мусҳафҳои хаттӣ ва асноди таърихӣ ишора кард.